БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОН”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таълими калонсолон” бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз ва Исмоилзода Умар раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ маҷлис баргузор гардид.

Сараввал  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  Исмоилзода Умар  доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар муддати шашмоҳаи аввали соли 2023 дар назди ҳозирин ҳисобот пешниҳод намуда, вазифаҳои ташкилотро барои давраҳои минбаъда муайяну мушаххас карданд.   Вобаста ба масъалаи  дигари рӯзнома Саймуминзода Фирӯз ба сухан баромада, доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ҳуҷатгузории ташкилоти ҳизбӣ,  аҳамиятнокӣ ба сатҳу сифати аъзои ҳизб ва ҷиддиятнокии хоса дар баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ маслиҳатҳои судманд доданд.