АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ СОҲАИ МАОРИФ БАХШИДА БА 26-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гадоев Салим ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 26 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ собиқадори соҳаи маориф Аслбӣ Шарипова аёдат карда шуда, фарорасии иди Ваҳдати миллиро барояшон табрик гуфтанд.

Қайд карда шуд, ки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳу ваҳдат барқарор гардида, дар таърихи навини кишварамон марҳалаи нави созандагию бунёдкорӣ оғоз ёфта, Ватани азизамон аз вартаи ҳалокату парокандагӣ наҷот ёфт.

Гуфта шуд, ки хизматҳои собиқадорони меҳнат дар пешрафти ҷомеа назаррас буда, меҳнати фидокоронаи пирони рӯзгор буд, ки рушди соҳаҳо таъмин ва сатҳи зиндагии мардум дар як муддати кӯтоҳ беҳтар карда шуд.

Собиқадори меҳнат Аслбӣ Шарипова низ аз хизматҳои мондагори Сарвари давлат дар рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар гардида, барои дастгириҳои доимӣ ва таваҷҷуҳ ба Ҳукумати мамлакат миннатдории худро баён карданд.