ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ БА АЪЗОҲОИ НАВ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пирӯзу пешбари ҷомеъа дар сафҳои худ қувваи бузурги созандаеро муттаҳид намудааст, ки метавонад дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми беназир гузорад. Боиси фараҳмандист, ки ин қувваи бузург рӯз то рӯз рӯ ба афзоиш оварда истодааст.

Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии "Олимон" ба аъзои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фазои тантанави билети ҳизбӣ супорида шуд.

Ҳамзамон аъзои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шинос карда шуданд.

Дар навбати худ нафарони ба тозагӣ пайвасташуда, ваъда доданд, ки ҷиҳати баланд гардидани мавқеи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тамоми донишу малакаҳои худро равона месозанд.

Ҷалби аъзои нав ба ҳизб аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб пайваста руйи кор гирифта шуда, мунтазам ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон довталабон ворид карда мешаванд.