"МАОРИФЧИЁН"-ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ ХУДРО БАРГУЗОР НАМУДАНД

Кӯлоб: Ҳисобот  

Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" ҷаласаи ҷамъбастӣ баргузор карда шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:

1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият аз давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда;

2. Ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25-майи соли 2023 "Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон",

3.Интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ;

4. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ

5. Интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ

6. Қабул ба сафи ҲХДТ 

Ҳамзамон доир ба супоридани саривақтии аъзоҳаққӣ,саҳм гузоштан дар рушди фаъолияти ҲХДТ, фаъол будан дар чорабиниҳои сиёсӣ, сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ, пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон, пешгирӣ аз зиёдаравӣ ва хурофотпарастӣ, татбиқи аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!", эълони ҷойҳои кории холӣ дар НБО "РОҒУН" сухан гуфта шуд.