СОКИНОН ДАР АМАЛИШАВИИ АКСИЯҲО ҲИССАИ ХУДРО ГУЗОШТА ИСТОДААНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сокинони бонангу ори шаҳри Кӯлоб мунтазам дар корҳои созандагиву ободонӣ саҳмгузорӣ намуда, дар заминаи чунин корҳои созанда кӯшиш менамоянд, ки ҷашни бузурги таърихӣ, яъне 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд ва бо натиҷаҳои назаррас истиқбол гиранд.

Дар робита ба ин, аз тарафи соҳибкор Розиқов Бобо ва дигар соҳибкорон дар Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб 4 километр роҳ сангфарш гардид.

Бояд гуфт, сокинони бонангу номус ва шахсони саховатпешаи ин деҳа пайваста тариқи ҳашар ҳар гӯшаеро обод меозанд. То ин муддат, дар ин деҳа, бо дастгирии сокинон тариқи ҳашар корҳои зиёди созандагиву ободонӣ ба анҷом расонида шудааст.