ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ХОНАИ БАХТ" ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ ХУДРО БАРГУЗОР НАМУД

Кӯлоб: Ҳисобот  

Бо иштироки  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саймуминзода дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Хонаи Бахт" вохӯрӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор карда шуд.

Дар вохурӣ масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд: Танзими ҳаракати аъзои ҳизб, зиёд кардани сафи аъзои ҳизб, супоридани саривақтии аъзоҳаққӣ, саҳм гузоштан дар рушди фаъолияти ҲХДТ, фаъол будан дар чорабиниҳои сиёсӣ, сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ, пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон, пешгирӣ аз зиёдаравӣ ва хурофотпарастӣ, татбиқи аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!", эълони ҷойҳои кории холӣ дар НБО "РОҒУН".

Дар охир ҷонибдорони ҲХДТ барои дарки баланди масъулият дар амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сипосномаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.