НАҚШ ВА МАВҚЕИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ҲАРАКАТҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ – ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИЗМИ ДИНӢ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Кӯлоб:  

НАҚШ ВА МАВҚЕИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ҲАРАКАТҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ – ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИЗМИ ДИНӢ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

“Имрӯз мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар вазифаи муқаддастарини тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳошияи амалинамоии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб санаи 25.05.2023 конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Нақш ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ҳаракатҳои экстремистӣ – террористӣ ва экстремизми динӣ дар ҷаҳони муосир» багузор гардид, ки дар қисмати ифтитоҳии он ректори Донишкада номзади илмҳои техникӣ, дотсент Шоҳиён А.Н. раиси суди шаҳри Кӯлоб Раҳмонзода Шарифхон, Файз, сармутахасиси суди вилояти Хатлон Раҳимов Зикриё, раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Гадоев Салим, ноиби ректор оид ба илми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ н.и.п.,дотсент Рафиев Сафархон, Ҷураев Раҷаббой Зуҳурович, номзади илмҳои фалсафа дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон, Эркаев Сафар Абдулхайрович номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърих, бостоншиносӣ, этнография ва диншиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок ва суханрони намуданд.

Ректори Донишкада номзади илмҳои техникӣ, дотсент Шоҳиён Алмосшо Набот дар ифтитоҳи кори конференсия баромад намуда қайд доштанд, ки таҷрибаи байналмилалӣ ва ватании муқовимат бо экстремизм ва терроризм собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин самт таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯӣ ба бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ниҳодии фаъолшавии онҳо равонашударо тақозо менамояд.

Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ, ҷинояти дорои хусусияти ҷаҳонӣ буда, мубориза бар зидди он ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро тақозо менамояд. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ бошад ҳам, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи ҷомеа ва шаҳрвандон низ зарур аст.

Бо мақсади муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки сатҳи мукаммали муқовимат бо ин падидаи номатлуб аз ҷониби давлатҳо ба роҳ монда шавад. Дар ҷомеаи муосир терроризм ва экстремизм аз ҷиддитарин таҳдидҳо алайҳи субботу амнияти ҷаҳонист, аз ин рӯ, барои муқовимат ба ин падидаҳои манфӣ дар сатҳи миллӣ маҷмӯи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ – динӣ андешида шудааст. Ҳамзамон, барои таъмини самаранокии механизмҳои муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар кишвар заминаи ҳуқуқии муқовимат гузошта шудааст. Давлатҳои муосир кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки қонунгузории миллии худро дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм боз ҳам мустаҳкам намоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони солҳои Истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул карда шудаанд, ки маҳз барои бартараф намудани сабабу омилҳои гуногуни ба терроризму экстремизм мусоидаткунанда равона гардиданд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо экстремизм” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм”, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ карда шудааст, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ карда шудааст, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2006, №1717 тасдиқ карда шудааст,

Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ барои солҳои 2021-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №265 тасдиқ карда шудааст, Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003.

Лозим ба ёдоварист, ки дар кори конференсия олимону коршиносони муассисаҳои олии касбии Федератсияи Россия бо маърӯзаҳои илмӣ тариқи маҷозӣ (онлайн) баромад намуданд.

Тибқи барномаи кории конференсия Ҳоҷибеков Элбон доктори илмҳои таърих, профессор, мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар мавзуи «Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Мешков Илья Александрович мутахасиси пешбари шуъбаи равобити хориҷии Донишгоҳи давлатии аграрии Кубан, ФР дар мавзуи «Хусусиятҳои зуҳуроти ифротгароӣ», Ҷураев Раҷаббой Зуҳурович, номзади илмҳои фалсафа дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон дар мавзуи «Таасубгаройии динӣ, сабабҳои пайдоиш ва омилҳои паҳншавии он дар байни ҷавонон, нақши мақомотҳои давлатӣ дар бартараф намудани он», Эркаев Сафар Абдулхайрович номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърих, бостоншиносӣ, этнография ва диншиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров «Муҳоҷират, терроризм ва амният дар Осиёи Марказӣ», Исоев Собир номзади илмҳои таърих, ноиби ректор оид ба илм ва татбиқоти ДТМИК дар мавзуи «Чораҳои пешгирии зидди террористӣ ва экстремистӣ дар муҳити донишҷӯён» бо маърӯзаҳои илмии пурмуҳтаво баромад намуданд.

Бояд қайд намоем, ки конференсияи мазкур аз се бахш иборат буда идомаи конференсия дар бахшҳо ҷараён гирифт.