ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ "ЗАРШЕДАБОНУ"

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ "ЗАРШЕДАБОНУ"

Дар ташкилоти ҷамъиятии "Заршедабону" бахшида ба "Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон" чорабинии идона бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шоева Дилноза, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Заршедабону" Абдуқаюмова Қаламнисо ва волидайни кӯдакони имконияташон маҳдуд дар минтақаи Кӯлоб баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби Шоева Дилноза қайд гардид, ки ҳамасола рӯзи якуми июн дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад, ки Тоҷикистон низ аз шумораи чунин кишварҳост. Ин сана ба мо - масъулин ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.

Дар охир аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба кӯдакони имконияташон маҳдуд шириниҳо тақдим карда шуд.