КӮДАКОН-САРВАТИ БЕБАҲОИ ҲАР ЯК ОИЛА

Кӯлоб:  
Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.
Ҳоло дар ҷаҳон бо қабули даҳҳо санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва монанди инҳо барои ҳифзи ҳаёт ва инкишофи кӯдакон заминаи устувор фароҳам оварда шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз дар дунё теъдоди зиёди кӯдакон ба мушкилоти ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ дучор мегарданд ва на ҳамаи онҳо зиндагии шоиста доранд. Тибқи маълумоти Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон беш аз нисфи ноболиғон дар хонаводаҳое умр ба сар мебаранд, ки дар онҳо хушунати ҷисмониву равонӣ ҷой дорад ва ҳамарӯза аз даҳ кӯдак як нафар дучори озори калонсолон мегардад. Дар баъзе кишварҳои Осиёву Африқо кӯдакон зери таҳдиди гуруснагӣ, бесаводӣ, задухӯрдҳои низомӣ ва сироят гардидан ба бемориҳои вазнин зиндагӣ мекунанд. Шумораи фавти кӯдакон дар ин кишварҳо нисбат ба мамлакатҳои пешрафта ду баробар зиёд аст ва беш аз 140 миллион кӯдакон, ки аз нисф зиёди онҳоро духтарон ташкил мекунанд, аз муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ дур мондаанд.

Баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба “Як моҳи ҳаёти кӯдакон” дар муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 2-и шаҳри Кӯлоб