Маркази савдои Истиқлолият ба фаъолият шуруъ намуд.

Кӯлоб:  

Маркази савдои Истиқлолият ба фаъолият шуруъ намуд.

27.05.2023с ш. Кӯлоб

Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар кӯчаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Истиқлолият" ба фаъолият шурӯъ намуд.Дар маросими кушодашавии маркази савдои мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, роҳбарони ташкилотҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Зимнан роҳбарияти шаҳр дар маросими кушодашавии маркази савдо баромад намуда, изҳор гардид, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари маҳбубамон барои рушди соҳибкорӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст.

Ин дастовардҳо аз таваҷуҳ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омада, рӯз то рӯз аз тарафи соҳибкорон корҳои ободонию созандагӣ анҷом ёфта истодааст, ки дар пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷомеа нақши калон мебозанд.

Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягӯзорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд.

Ҳамчунин дар ин маросими кушодашавӣ яке аз соҳибкорони шаҳри Кӯлоб Темур Латипов баромад намуда аз дастгириҳои бевоситаи давлату Ҳукумат, бахусус, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид.

Бояд гуфт, ки зимни кушодашавии маркази  савдои мазкур ярмаркаи маводи хӯрока низ ташкил карда шуд.

Сипас, раиси шаҳри Кӯлоб дар якҷогӣ бо дигар роҳбарон аз ярмаркаи маҳсулоти хоҷагидорӣ ва аз нуқтаҳои фурӯш аз наздик шинос гардида, бо соҳибкорон суҳбат намуд ва ба онҳо баҳри пешравии фаъолияти соҳибкорӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Бахши матбуотии МИҲД-и Кӯлоб