БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО АЪЗОИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ҳисобот  

Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон-деҳаи Олтоул” маҷлиси ҷамъбастии 3-моҳа баргузор карда шуд. Дар маҷлиси номбурда масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд: 1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ аз фаъолияти семоҳаи аввали соли 2023; 2. Расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон; 3. Мусоидат дар сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати “Модар-Ватан”; 4. Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ; 5. Созандагиву бунёдкорӣ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”; 6. Расонидани талаботҳои озмуни “Беҳтарин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2023”; 7. Тарғиби ҷойҳои кории холӣ дар НБО “Роғун”; 8. Тарғиби шеъри Абдуллоҳи Раҳнамо дар васфи Модар; 9. Масъалаҳои ҷорӣ;

Нахуст, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон - деҳаи Олтоул” Раҳимов Нураҳмад ба сухан баромада, аз фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ маълумот дод. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилот дар ҳама чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва маърифатии шаҳр фаъолона иштирок менамоянд. Ҳамзамон, дар ин давра дар ҳудуди ташкилот зиёда аз 140 – дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда ба таври ҳашарҳои дастаҷамъона шинонида шуд. Инчунин, дар арафаи иди Саиди Фитр аз ҷониби як нафар аъзои ҲХДТ, соҳибкор ба 378 нафар аз оилаҳои ниёзманд пойафзол тақдим карда шуд. Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти зерин сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайваста ҷонибдорӣ менамоянд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода ба сухан баромада, нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба саҳми ҳозирин хотиррасон намуданд. Ҳамзамон, ба ҷавонон таъкид намуданд, ки дар ҳифзу ҳимояи сарзамини худ ҳамеша омода бошанд. Аз саҳифаҳои рангини таърих медонем, ки аҷдодони мо бо ғурури ҷавонмардона, нанги ватандӯстона ҳудуди васеи маъмуриро соҳиб буданд. Имрӯз ҳарчанд аз он сарзамин як ё се дарсад ба мо мерос монда бошад ҳам, дар ҳифзу ҳимояи он пайваста кӯшиш намоем. Он неру ва қудрате, ки дар ташкилотҳои террористиву тундгаро баҳри несту нобуд гардонидани инсоният сарф мегарданд, дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ равона гарданд, дар даҳсолаи охир метавонем, ки Тоҷикистонро ба кишвари пешрафтаи ҷаҳон табдил диҳем. Маҳз бо меҳнати содиқонаву софдилона ва заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ дар якҷоягӣ метавонем, ки Ватани худро боз ҳам ободу зеботар намоем ва ба паст кардани сатҳи камбизоатии мардум ноил гардем. Инчунин, ба саҳми ҳозирин расониданд, ки тибқи роҳхати ҳизбӣ нафароне, ки ба ҷойи кор ниёз доранд, метавонанд, ки ба Неругоҳи барқии обии Роғун рафта, кору фаъолият намоянд.

Дар охир ба аъзои фаъоли ҲХДТ, ки дар татбиқи ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ саҳмгузорӣ намудаанд, сипосномаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб супорида шуд.