МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ТИ “ВОРИСОНИ СИНО” БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

Кӯлоб: Ҳисобот  

МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ТИ “ВОРИСОНИ СИНО” БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ворисони Сино" маҷлиси ҳисоботӣ аз натиҷаи фаъолият дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ва нақшаҳо барои давраҳои минбаъда баргузор карда шуд.

Гадоев Салим-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Азиззода Зубайдулло-раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино”, Мунавараи Бозоралӣ-мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар маҷлиси мазкур иштирок намуданд.

Рӯзномаи маҷлис аз масъалаҳои зерин иборат буд.

1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи се моҳаи аввали соли 2023;

2. Расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон;

3. Мусоидат дар сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати “Модар- Ватан”;

4. Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ;

5. Созандагиву бунёдкорӣ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем”;

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Нахуст тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” Азиззода Зубайдулло шунида шуд. Баромадкунанда аз ҷумла қайд намуд, ки дар давоми соли 2023 бо мақсади сабзу хуррамгардонии гирду атрофи бинои ташкилот ва саҳни ҳавлии он зиёда аз 2200 бех гулу гулбуттаҳои ороишӣ ва мавсимӣ, 18-бех дарахтони гуногуни ороишию мевадиҳанда шинонида шуд.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи ҲХДТ саҳми босазои худро мегузоранд.

Гадоев Салим-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада қайд намуданд, ки аз ибтидо бо ифтихор метавон ёдрас шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамқадами Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба ҳайси бузургтарин падидаи замони нав барои бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон нақши муҳим бозидааст ва имрӯз тамоми мардуми шарафманди кишвари азизамон аз ҷаҳду талошҳои ҳар кадом узви ин ҳизб огаҳӣ дошта ҳамарӯза бархурдоранд.

Кишвари мо пас аз дастоварди истиқлолияту ваҳдат роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро пеша намуд ва дар ин раванд барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ шарту шароити гуногунандешии сиёсиро ба роҳ монд. Вобаста ба ин раванд дар як давраи муайян бо назардошти талаботҳои ҷомеаи демократӣ ташкилоту ҳаракатҳои сиёсӣ ҷомеаи ҳамфикру ҳамақидаро бо ҳам муттаҳид намуда, дар чаҳорчўбаи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳизбҳои сиёсиро таъсис намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз зумраи онҳо мебошад..

Таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз андешаҳои бунёдии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад ва ҳанӯз дар ибтидои соли 1993 бо пешниҳоди Сарвари давлат ғояи таъсиси ин ҳизби сиёсӣ, ки фарогири манфиатҳои муҳими давлату миллат буд, рӯи кор омад.

Инчунин доир ба мавзуҳои мусоидат дар сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати “Модар- Ватан”; пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ; созандагиву бунёдкорӣ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” андешаҳои худро баён намуданд.

Барои дарки баланди масъулият дар амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми босазо гузоштан дар тадбиқи ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ якқатор фаъолони аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир ба аъзои нави ҲХДТ дар фазои тантанавӣ билети ҳизбӣ супорида шуд.