СИТОД ОИД БА ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА САФИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАЗДИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БА КОРИ ХУД ШУРУЪ НАМУД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси барқияи №6-и Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 02.03.2023, протоколи №7-и КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 13.03.2023 дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Ситоди таблиғотиву ташвиқотии ҳизбӣ ҷиҳати даъвати ҷавонони синни хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҷаласаи Ситод бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гадоев Салим ва аъзои он гузаронида шуд.

Мақсад аз таъсис додани Ситод ин бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ саривақт иҷро намудани нақшаи даъвати баҳории ҷавонон, тарбияи ҷавонон дар руҳияи садоқат ба Ватан, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мебошад.

Ҳайати ситодро аъзои ҲХДТ, аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, кормандони масъули ҳизбӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ташкил менамоянд. Ин ҳайат вазифадор гардиданд, ки ташвиқоту тарғиботро миёни аҳолӣ, тавассути васоити ахбори омма, сомонаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда, ба оилаҳои сарбозони ихтиёрӣ аз ҳисоби КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ кӯмакҳои моддиву молӣ расонанд.

Ситоди мазкур ҳамкориро бо Ситоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамоҳанг намуда, аз рафти корҳои анҷомдодашуда ба Ситоди вилоятӣ ахборот пешниҳод менамояд.

Шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб