ҚАДРДОНИИ НАМОЯДАГИИ ТВ ХАТЛОН ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Телевизиони Хатлон дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар таъсис ёфта, дар фазои иттилоотии мамлакат ҷиҳати барқарории сохти конститутсионӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини амнияти миллӣ, сулҳу осоиштагӣ ва инъикоси рушди иҷтимоию иқтисодии вилояту ҷумҳурӣ нақши бориз гузоштааст.

Зикр медорем, ки намояндагии Телевизиони Сафина дар минтақаи Кӯлоб фаъолияти назаррас дорад. Дар робита ба ин, барои иштироки фаъолона дар инъикоси муҳимтарин ва тозатарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик аҳли эҷодии намояндагии Телевизиони Хатлон дар минтақаи Кӯлоб аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.