ҚАДРДОНИИ ФАЪОЛОН БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар раванди муносибатҳои сиёсии ҷомеа васоити ахбори омма (ВАО) яке аз институтҳои сиёсии ҷомеаи муосир ба шумор рафта, дар раванди ҷаҳонишавӣ нақши барҷаста дорад. Инкишофи шуури ҷамъиятро бе иштироки фаъолонаи онҳо тасаввур кардан душвор аст. Аз худ намудан ва таҳлилу тарғиби фаъолияти сохторҳои ҷомеа фақат тавассути онҳо имконпазир мебошад.

Солҳои охир рушди устувори ҷомеа ВАО-ро ба яке аз воситаҳои муҳими воқеънигорӣ ва таҷассумгари ҳаёти ҷомеа табдил додааст.  Эътироф бояд кард, ки дар ҳама марҳилаҳои инкишофи ҷомеа нақш ва мақоми васоити ахбори омма чун имрӯз бузург ва ҳалкунанда набуд. Ин раванд бо ворид гардидани техника ва технологияи навтарин, амалӣ шудани принсипҳои демократӣ дар ҳаёти рӯзмарра дучанд афзуда истодааст. Пешрафти давлат ба васоитиахбори омма робитаи ногусастанӣ дошта, нақшу мақоми он дар ояндаи наздик бештар эҳсос хоҳад гардид. Пӯшида нест, ки имрӯз иттилоот, ахбор ва ё маълумот дар муайян намудани равандҳои ҷомеаи муосир нақши муассир доранд. Бояд ёдовар шуд, ки инсоният ба иттилоот аз қадимулайём ниёз дошт, вале он чун имрӯз фарогири тамоми фазои фаъолияти сиёсӣ ва маърифати ҷомеа набуд, объекти асосии он маҳдуд ва мухтасар ба назар мерасид.

Барои иштироки фаъолона дар инъикоси муҳимтарин ва тозатарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик бахши бойгонӣ-матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд.