НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМ МИЁНИ ҶОМЕА ТАРҒИБУ ТАШВИҚ МЕШАВАД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМ МИЁНИ ҶОМЕА ТАРҒИБУ ТАШВИҚ МЕШАВАД

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб,  бо аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ва сокинони маҳал суҳбату вохуриҳо баргузор карда мешаванд.

Чунин вохурӣ бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Нусратова  Шаҳноза  бо аъзоёну ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Дурахшон" Назарова Латофат баргузор карда шуд.
Нахуст ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дурахшон” шунида шуд ва дастуру супоришҳо барои фаъолияти минбаъда мушаххас карда шуд.

Сипас баромадкунандагон вобаста гуфтаҳои Паёми Пешвои миллат сухан намуда, зикр намуд, ки Паём ин дастурамали рӯи мизи буда, аз ҳар як бандҳои он кормандони ин ё он сохтор ба таври васеъ истифода мебаранд.