ПАЁМ РАҲНАМОИ ҶАВОНОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ПАЁМ РАҲНАМОИ ҶАВОНОН

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парастор” маҷлиси ҳизбӣ вобаста ба расонидани нуқтаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Шоева Дилноза, корманди масъули ҳизби Кабиров Сунатулло, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парастор” Бадарғаева Сурайё гузаронида шуд.

Дар мулоқот Шоева Дилноза ба сухан баромада зикр намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ки дастурамалест аз ҳадафҳои олии кишвар,ки ҳар як шаҳрвандро ба фаъолияти самарабахш ҳидоят мекунад.

Дар охир иштирокчиён ба сухан баромада зикр намуданд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеъа барои беҳбудии зиндагии мардум, ободии Тоҷикистон баррасӣ шудаанд. Барои амалӣ гаштани дастурҳои Пешвои миллат бояд ҳар як фарди ҷомеъа масъулият намуда барои шукуфоии Ватан саҳм гузорад.

Шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти

КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб