ОБОДИИ ДИЁР-МАРОМИ МОСТ!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ОБОДИИ ДИЁР-МАРОМИ МОСТ!

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, муташаккилона гузаронидани шанбегиҳо аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ пайваста иқдом гирифта мешавад.

Дар ин замина дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сангак Сафаров” шанбегии дастаҷаъмона баргузор карда шуд.

Дар ин рӯз аъзои ҲХДТ  ҷиҳати рушду ободонии назди коргоҳи худ ба ҳашари умумӣ баромада, гирду атрофи муассиса ва роҳҳои марказии шаҳрро тозаю озода намуданд.