ТАРҒИБИ ПАЁМ МИЁНИ АҲОЛӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ТАРҒИБИ ПАЁМ МИЁНИ АҲОЛӢ

Вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулбоғ” Изатов Рустам аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Нахуст, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ баромад намуда, қайд намуд, ки бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва тинҷиву оромии кишвар мардуми шарифи кишварамон санаи 23.12.2022 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дастаҷамъона тавассути оинаи нилгун мустақиман пахш гардид тамошо намудаанд. Зимни ироаи Паёмашон Пешвои миллат тамоми самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз ҷумла, иҷтимоиву иқтисодӣ, маорифу тандурустӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дастуру супоришҳоро барои фаъолияти минбаъда муайян сохтанд.

Ин навбат дар Паёмашон Пешвои миллат қайд доштанд, ки: “Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд” ва дар баробари ин, мужда доданд, ки 14 – уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии СММ дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қабул гардид. Дар робита ба ин, бо ифтихормандӣ Сарвари давлат тамоми мардуми Тоҷикистонро самимона табрик намуданд.

Дар ҳақиқат Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз, дастурамалӣ рӯимизӣ буда, аз ҳар як бандҳои он кормандони ин ё он сохтор ба таври васеъ истифода менамоянд.

Сипас, иштирокчиён ба сухан баромада, аз норасоии синфхонаҳо дар ҳудуди маҳалла, таъмири роҳи ҳудуди маҳалла дархосту пешниҳод намуданд.

КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб