БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТИ "ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТИ "ИСМОИЛИ СОМОНӢ"
Тибқи нақшаи муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соатҳои сиёсӣ миёни муассилини муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилояти Хатлон баргузор карда мешавад.
Дар ташкилоти ибтидои ҳизбии "Исмоили Сомонӣ" соати сиёсӣ аз ҷониби котиби ташкилоти ибтидои ҳизбӣ Ташрипова Лола баргузор карда шуд.
Мақсад аз баргузор намудани соатҳои сиёсӣ таҳлили вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, баланд бардоштани ҳисси масъулияти ватандӯстӣ миёни ҷавонону наврасон, робитаи мустаҳками маориф ба ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.
Соати сиёсӣ мавзӯҳои зеринро дар бар мегирифт.
1. Таҳлили вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон
2.  Тоҷикистон ташаббускори сатҳи байналмиллалӣ 
3. Паём, Ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ 
Дар охир миёни хонандагон вобаста ба мавзӯҳои матраҳгардида саволу ҷавоб доир гардид.