ИҚДОМҲОИ ХАЙРИЯВИИ ВАКИЛЗАНОНИ КӮЛОБӢ ШОИСТАИ ТАҲСИН АСТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аёдати иштирокчиёни ҷангу собиқадорони меҳнат, дастгирии ятимону барҷомондагон, дасти кӯмак дароз кардан ба шахсони ниёзманд аз ҷониби фаъолон, аъзоён ва вакилони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идомаи мантиқии сиёсати хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Боиси таҳсину офарин аст, ки имрӯз дар баробари мардон вакилзанони шаҳри Кӯлоб дар анҷом додани иқдомҳои хайриявӣ худро дар канор нагирифта, ба оилаҳои эҳтиёҷманду ниёзманд дасти кӯмак дароз менамоянд.

Гадоева Ҳалима Сайвалиевна-вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, роҳбари маркази минтақавии перенаталии шаҳри Кӯлоб дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ ба 2-оилаи ниёзманд кӯмаки яквақтаинаи ғизоӣ намуданд.

Кӯмакҳои ғизоиро Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ба оилаҳои эҳтиёҷманд расонид.

Дар навбати худ оилаҳои ниёзманд сипосу миннатдории худро ба Пешвои миллат ва шахсони саховатманду хайрхоҳ расониданд, ки дар арафаи ҳар иду ҷашнҳои милливу давлатӣ аз ҳоли онҳо бохабар мегарданд.