ҲХДТ БА НИЁЗМАНДОН ТАВАҶҶУҲИ ПАЙВАСТА ДОРАД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ҲХДТ БА НИЁЗМАНДОН ТАВАҶҶУҲИ ПАЙВАСТА ДОРАД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ятимону маъюбонро дастгириву пуштибонӣ намуда, онҳоро ҳеҷ гоҳ ба нимароҳ намегузоранд ва то ба воя расидан ва соҳибмаълумот гардидан кумаки худро дареғ намедоранд.
Бояд зикр намуд, ки маъюбону бепарасторон ва кишрҳои ниёзманди ҷомеа аз тарафи ҳизбиён дар ҳар иду айём аёдат карда шуда, аз ҳолу аҳвол ва рӯзгори эшон ҳамеша бохабар гардида ба онҳо кумакҳои моддӣ расонида мешавад.
Дар остонаи таҷлили Соли Нави мелодӣ дар партави сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саймуминзода ба оилаи ниёзманд Ризоев Давлаталӣ  нафақаи ҳизбӣ расонида шуд.