ТО ТАВОНӢ ЯК ДИЛИ БИШКАСТАЕРО ШОД КУН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави сиёсати эҳсонкорона ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Соли нави мелодии 2023 ба табақаҳои ниёзманд кӯмакҳои яквактаина ба маъюбон камбизоатон ва шахсони яккаву танҳо росанида мешаванд.
Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизӣи Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Гадоев Салим Сайвалиевич намояндагони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фурудгоҳ” бахшида ба таҷлили Соли нави мелодӣ ба кӯдакони шуъбаи кӯдаконаи табобатӣ-профилактикӣ назди беморхонаи сил №2-и шаҳри Кӯлоб туҳфаҳои Соли навӣ супорида шуд.