ДАСТРАСИИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ДАСТРАСИИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ
Дар асоси бандҳои 4,13 ва 4,23 Оиномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ва талаботи банди 3,1 Барномаи пешазинтихоботи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар асоси шартнома “Оид ба ҳамкорӣ дар корҳои хайриявӣ миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо фармоиши Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 31.03.2020, №30 тасдиқ гардида буд, нафақаи ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуд, ки он ба табақаҳои ниёзмандон, маъюбони гурӯҳи якум ҷорӣ дастрас гардид.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар ин росто тибқи омӯзиш аз рӯйи рӯйхати дастрасгардида дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ нафақаи ҳизбиро  ба Камолов Амирҷон дастрас гардонид. 
Зимни аёдат Фирӯз Саймуминзода аз ҳолу аҳволи маъюбон бохабар гардида, нафақаи ҳизбӣ ба модари ниёзманд расонида шуд. Модари  ниёзманд зимни суҳбат изҳори сипоси худро ба роҳбарияти олии кишвар ва Раисии муаззами  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои пайвастаашон нисбати шахсони ниёзманд расонид.