ҲАР КИ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО......

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави сиёсати ятимпарварона ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ба ин табақаи ҷомеа ҳамеша мароқ зоҳир намуда пайваста ба онҳо дасти кумак дароз менамояд.
Бояд қайд намоем, ки дар Донишкада 4 нафар ятими кул, 7 - нафар донишҷӯёни маъюб таҳсил менамоянд.
Дасти кумак дароз намудан ба ятимону маъюбон шахсони ниёзманду собиқадорони меҳнат, яке аз фазилатҳои некӣ инсони буда ин табақаи ҷомеа ҳамеша дар зери таваҷҷуҳи  роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта дар арафаи ҷашну оинҳои миллӣ ба аёдату дидорбинии онҳо рафта пайваста ба онҳо кумакҳо расонида суҳбату мулоқотҳоро бо онҳо доир намуда аз шароиту зиндагии онҳо бохабар мегардад.
Дар арафаи Соли нав санаи 27.12.2022 дар ҷамъбасти соли донишҷӯён аз тарафи директори Донишкада номзади илмҳои техникӣ, дотсент Шоҳиён Алмосшо Набот ба донишҷӯёни  маъюб ва ятимони кул кумакҳои пулии яквақтаина расонида шуд. 
Дар вақти қадрдони муҳтарам Шоҳиён Алмосшо Набот ба онҳо суҳбат намуда қайд доштанд, ки  Шумо ҳеҷ вақт худро танҳо эҳсос нанамоед. Ман бо Шумо ҳастам. Ҳар лаҳзае, ки бо мушкилоте дучор меоед ба ман муроҷиат намоед. Ҳамеша дари хонаам ва утоқи кориам ба рӯи Шумо боз аст.