ИҚДОМИ СОЛИНАВӢ ДАР ТИ БЕМОРХОНАИ ЧАШМ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ИҚДОМИ СОЛИНАВӢ ДАР ТИ БЕМОРХОНАИ ЧАШМ
Дастгирии шахсони ятиму бепарастор ва оилаҳои ниёзманд аз фазилатҳои неки инсонист, ки дар арафаи ҷашну маросими милливу тақвимӣ дар кишварамон ба ҳукми анъана даромадааст.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Соли нави мелодӣ аз тарафи фаъолон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ, вилоятӣ ва соҳибкорон амалҳои хайриявӣ доир гашта истодааст.
Дар ин баробар аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи чашм” ба якчанд оилаҳои ниёзманд туҳфаҳои солинавӣ супорида шуд. 
Чунин иқдомҳои хайриявӣ дар дигар ташкилоту муассисаҳо рафта истодааст.