ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боиси ифтихор аст, ки имрузҳо дар арафаи соли нави мелодӣ аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори мамлакатамон иқдомҳои хайриявӣ бомаром рафта истодааст. 
Ин навбат аз ҷониби шахсони хайрхоҳу ватандӯст ва пайравони асили Пешвои миллат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парастор” барои кӯдакони ятиму бепарастор дастархони идонаи солинавӣ ороста шуд.
Дар фарҷом чорабинии фарҳангӣ баргузор карда шуда, ба кӯдакон туҳфаҳои солинавӣ супорида шуд.