КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА ПОКСОЗӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси роҳбарияти Мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб  аз ҷониби кормандону омӯзгорон ва тарбиятгирандагон корҳои ободонӣ ва поксозӣ, нарм кардани заминҳои назди муассиса ва тоза намудани дарахтон аз шоху навдаҳои зиёдатӣ гузаронида шуд.
Хонандагону омӯзгорон бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолона ширкат варзиданд.