АМАЛИЁТИ "РӮЗИ ЁДОВАРӢ" ДАР КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ҷалби аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  дар оромгоҳҳои ҳудуди шаҳри Кӯлоб аксияи ҳизбии умумишаҳрӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ” доир гардид. Чунин ҳашарҳо дар оромгоҳҳои маҳаллаҳои Содиқов ва Хати роҳи шаҳри Кӯлоб тибқи нақша роҳандозӣ гардида, оромгоҳҳои болозикр тозаю озода карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар амалиёти мазкур намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ иштироки фаъолона доштанд.