АМАЛИЁТИ «МАКТАБИ МАН» БАРГУЗОР КАРДА ШУД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб амалиёти муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- “Мактаби ман”  бо иштироки хатмкардагони таълимгоҳи зерин баргузор карда шуд.
Амалиёти муштараки - “Мактаби ман”-ҳадафи созандаву бунёдкорона буда, дар пешрафти маорифи кишвар метавонад ҳиссагузор бошад.