СОХТМОНИ ИНШООТҲОИ ГИГИЕНӢ БО УСУЛИ ДРЕНАЖӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва дар амал татбиқ намудани аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” ҳамарӯза миёни аҳолӣ корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ оиди азнавсозии иншоотҳои гигиенӣ дар манзилҳои истиқоматӣ мегузаронад.
Ташаббуси пешгирифтаи ҳизбиёнро сокинони шаҳр иқдоми саривақтӣ дониста, дар азнавсозии иншоотҳои гигиенӣ дар манзилҳои истиқоматии худ ва дигар ҷойҳо камари ҳиммат баста, дар заминаи ин дар назди Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Кӯлоб чунин иншооти гигиенӣ сохта шуда истодааст.