ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ "ШОМИ САМАРҚАНД" ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

22 октябр  дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб аз тарафи намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази хизматрасонии "Шоми Самарканд" ба истифода дода шуд. Иншоот аз се ошёна иборат буда, бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардиддаст. Дар ошёнаи аввали "Шоми Самарканд" мағоза ташкил гардида, молу маҳсулоти гуногун дар он ба фурӯш бароварда мешавад. Дар ошёнаи дуюм бошад, ошхона бо 50 ҷои нишаст ҷойгир буда, дар ин ҷо ба мизоҷон хӯрокҳои лазиз пешниҳод карда мешавад. Толори сеюми иншооти нав барои саққобозӣ пешбинӣ шудааст. 
Зимни боздид гуфта шуд, ки аҳолии маҳаллаи Чармгарони поён ба  чунин хизматрасониҳои замонавиву босифат эҳтиёҷи зиёд доштанд ва ин масъла бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ҳалли худро пайдо кард.