САҲМИ БОСАЗОИ ҲИЗБИЁН ДАР КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГИИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми манотиқи кишвар корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд.
Дар пайравӣ ба ташаббусҳои Сарвари давлат бо ибтикори аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр боми хонаи баландошёнаи №40-и маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб таъмиру азнавсозӣ карда шуд.