ВОХӮРИИ ШАРИФҶОН ҲАКИМЗОДА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДДК БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи шаҳри Кӯлоб Шарифҷон Ҳакимзода бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи шаҳри Кӯлоб Шарифҷон Ҳакимзода, муовини раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саидмуъминзода ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Сараввал, ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, ҳозиринро ба фарорасии 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, қайд намуданд, ки маҳз 30-сол муқаддам бо назардошти авзои мураккаби сиёсию ҷамъиятии ҷумҳурӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи мазкур доир гардид, ки ба сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон таъсири амиқ гузошт.

Баъдан, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи шаҳри Кӯлоб Шарифҷон Ҳакимзода зикр доштанд: “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таърихии беназир дорад, зеро ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат овард, ки бо дилу нияти пок аз рӯзҳои аввалини роҳбарӣ тамоми кӯшишу заҳматҳои худро барои хомӯш намудани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу субот, якпорчагии марзу буми аҷдодӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон равона намуда, халқи тоҷикро муттаҳид сохт. Шукр, ки бо шарофати хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон сулҳу салоҳ барқарор гардид ва имрӯз мо дар Ватани биҳиштосо зиндагӣ дорем”.  

Дар интиҳои чорабинӣ муовини раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саидмуъминзода қайд намуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки пешрафти ҷомеа ва давлат, зиндагии шоистаи одамон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон танҳо дар шароити сулҳу ваҳдати миллӣ имконпазиранд. Тоҷикон дар тӯли ин солҳо аз таҷрибаи талхи таърихи наздики худ ҳамеша ёдовар шуда, сулҳ ва ваҳдати миллиро чун неъмати бебаҳо пос медоранд. Таҳияи садҳо китобҳо ва мақолаҳои олимону муаррихон оид ба ин дастоварди бузурги таърихӣ имрӯз насли ҷавонро дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ тарбия намуда, барои онҳо беҳтарин раҳнамо мебошад.