Хизмат ба Ватан ин хизмат ба Модар аст!

Н.Хусрав:  

Дар майдони назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи даъватшаванда» бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳияи Носири Хусрав Шарифзода Муҳаммадаюб, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон  Қурбонзода Қурбоналӣ, даъватшавандагон, падару модарон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, намояндагони комиссариати ҳарбӣ, раисони Кумитаи маҳалла  ва  сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид.

Шарифзода Муҳаммадаюб ба сухан баромада, қайд намуд, ки барои ҷавонон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби  мардонагӣ мебошад. Хизмат ба  Ватан ин хизмат ба Модар аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси садоқату далерию мардонагӣ гирифта, пос доштани хоки Ватан ва муҳофизат намудани марзу буми онро меомӯзанд.

Ҳамзамон сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти ХатлонҚурбонзода Қурбоналӣ фарзандони шуҷои Ватанро табрик гуфта,қайд кард, ки ҷавонон қувваи бузурги ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Хизмат ба Ватан ин қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонписари банангу номуси мамлакатамон мебошад. Ба онҳо барои адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриамон бурдборӣ таманно намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин рӯз 40 нафар ҷавонписарон барои хизмат ба Ватан гусел карда шуданд, ки аз онҳо як нафарашон сарбози ихтиёрии ҳизбӣ буд.

Дар охири ҷамъомад ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои дилангези худ хотири ҷамъомадагонро шод гардонида, сарбозони шуҷои Ватанро барои адои қарзи фарзандӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд.