Дар банди такаллуф машав озод бизӣ…

Н.Хусрав: Вокуниш  
Н.Хусрав: Вокуниш. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр чун Рӯзи Рӯдакӣ қайд карда мешавад. Моҳи апрели соли 1999 дар арафаи таҷлили 1100 солагии давлати Сомониён дар институти забон ва адабиёти АИ ҶТ созмони «Бунёди Рӯдакӣ» таъсис ёфт. Аввалин ҳамоиши донишмандони тоҷику эронӣ 12 октябри соли 2000 дар шаҳри Панҷакент бо унвони «Ёди Рӯдакӣ дар диёри Рӯдакӣ» баргузор гашт. Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ қарор қабул кард, ки 22 сентябрь Рӯзи Рӯдакӣ чун ҷашни умумиҷумҳуриявӣ эълон гардад. Қарори мазкур рӯдакишиносиро дар сатҳи давлатӣ гузошт ва барои таҳқиқу баррасии осори Рӯдакӣ заминаҳои воқеиро ба миён овард. Устоди сухан Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ҳалқаи пайванди адабиёти тоисломии форсӣ-тоҷикӣ, васлгари ҳунармандии адабиёти миллӣ бо адабиёти арабу ҳинд мебошад. Рӯдакӣ тавассути тарҷумаҳои осори манзуми маснавиҳои «Калила ва Димна», «Синбоднома» тавонист ин рисолати таърихиро адо намояд. То замони мо ҳамагӣ 2124 мисраъ аз осори устод расидааст, аммо Рӯдакӣ соҳибдевон буд ва қитъаю маснавию ғазалу рубоиёти зиёде эҷод кардааст. Муҳимтарин таҳқиқоте, ки дар омӯзишу рӯзгору осори Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ анҷом ёфтааст, ин рисолаи устод Садриддин Айнӣ «Устод Рӯдакӣ» мебошад.
 
Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ замони салтанати шоҳони Сомонӣ Исмоил, Аҳмад ибни Исмоил ва Наср ибни Аҳмад зиндагӣ ва эҷод кардааст.
 
Қасидаи машҳури ӯ «Шикоят аз пирӣ» хулосаи мантиқии шоир аз гузашти умру зиндагии шоир аст. Қасидаи «Модари май» саросар аз андешаҳои фалсафӣ ва хулосаҳои мантиқӣ аз диди як нафарест, ки мушоҳидакор ва таҳлилгар аст. Мавзӯъ ва мазмуну маонӣ дар осори устод Рӯдакӣ фарогири ҳама ҷанбаъҳои ҷомеа ва рузгору табиат аст. Қитъаю маснавиҳо, ғазалҳо ва рубоиёти устод баъди гузашти садсолаҳо низ моҳияту маънӣ ва рисолати худро гум накардаанд ва баръакс, гӯиё, ки дирӯз барои имрӯз эҷод шудааанд.
 
Маликушшуаро Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ бо «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиёнаш» дар ақсои олам, миёни аҳли адаб ва мардум маълуму машҳур гашт ва имрӯз ин шоҳбайтҳо рӯдакивор садо медиҳанду бо оҳанги марғубу дилнавоз дар саҳнаҳои бузург садо медиҳанд. Инсон, қадру манзалати ӯ, ахлоқи ҳамида, имону инсоф ва адолати иҷтимоӣ дар ростои зиндагии мардумон аз мавзӯҳои асосии устоди шоирон Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ буданд. Масалан ҷое фармудааст:
 
Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,
Дар банди такаллуф машав озод бизӣ.
Дар беҳ зи худӣ назар макун, ғусса махӯр,
Дар кам зи худӣ назар куну шод бизӣ!
 
Воқеан, гӯиё, ки ин ҳикмати бузург имрӯз барои мо эҷод шудааст. Ана ҳамин фалсафа, ҳамин андеша, ҳамин дунёи маонии шоир буд, ки ӯро асрҳои аср миёни мардумони олам мондагору бузургвор сохтааст. Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ поси хотири ин пири хирад, бузургдошти поягузори адабиёти классикии форсу тоҷик ва осори беназири нобиғаест, ки дар замони салтанати тоҷикон фурӯғи илму адабро ба пояҳои баланд бардоштааст. Зиҳӣ,устоди шеъри Аҷам!
 
Саодат Қурбонова - муовин, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав