Вохӯрии судманд дар маҳал

Н.Хусрав:  

 

Дар  ташкилоти ибтидоии  «Арабхона»-и ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидмуродова Шаҳло, раиси маҳала Примов Алимурод ва директори МТМУ №13 Раҳмонқулов Илҳом вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он асосан масъалаҳои ободонӣ ва созандагӣ бахшида ба 30-юмин солгарди таҷлили Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷуиҳурии Тоҷикистон, таёрӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ ва захираи хӯроки 2-сола, зиёд кардани сафи аъзои ҲХДТ ва  супоридани ҳаққи аъзогӣ андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро ба амалҳои нек ҳидоят карданд.