Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт

Н.Хусрав: Вокуниш  

 

Халқи тоҷику қирғиз аз азал ҳамчун дӯсту бародар дар ҳалқаи осудагиву  амнияту ҳамкорӣ қарор доштанд. Вале душманони ин ду миллат чӣ рӯзи сахтеро бар сари ин ду халқ овардаанд. Гиряи модарони фарзандашонро дар ин ҷанги бемаънӣ гумкарда диламро реш-реш кард. Сад афсӯс, ки задухӯрдҳои рӯзҳои 16.09.соли 2022 рух дода ҷони чандин ҷавонмардони ин ду давлатро ба коми марг  бурд ва чандин занону кӯдаконро, ки аз дасти тиру туфанг тарки хонаҳояшон карданд,  бесарусомон сохт.

Баъзе аз мардуми қирғиз сару садо баланд менамоянд, ки ҷанг аз тарафи сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистони мо оғоз шудааст, вале чӣ хеле ки аз расонаҳои хабарӣ огаҳӣ ёфтем саркардаи ин ҷанги бемаънӣ генерал-майор Қамчибек Ташиев раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон  мебошад. Шаҳодати ин гуфтаҳо суханони шаҳрванди Қирғизистон Асанбой Бердыяров мебошанд. Ба гуфти ӯ  16 сентябр тақрибан соати 01.20 дақиқа ба деҳаашон як гурӯҳ кормандони низомӣ дар як автомобили боркаши пур аз яроку аслиҳа ва либосҳои низомӣ омада, бо ёрии раиси маҳалла мардони калонсол, миёнасол ва ҷавононро  ҷамъ намуда, гуфтаанд, ки саҳарии барвақт мо ба Тоҷикистон ҳамла мекунем ва вазифаи шумо аз куштани шаҳрвандон ва ғасб намудани ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Ворух иборат мебошад. Мардуми оддӣ норозигӣ баён намудаанд, вале низомиён онҳоро ба ҳабс мекашем гуфта тарсонида, маҷбур кардаанд, ки саҳар ба ҷанг раванд.Илова бар ин ваъда кардаанд, ки дар сурати ба даст овардани ғолибият  5000 соми туҳфа медиҳанд. Ин марди пиронсоли қирғиз бо гиря изҳор намудааст, ки бо кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, ки дӯсту бародари мо мебошад, бо аксарият риштаҳои хешу таборӣ моро пайванд месозад намехоҳем ҷанг кунем, вале қайд кардааст, ки дар сари ҳокимияти Қирғизистон ду нафар қотил, дузд ва ноодам нишастааст, ки мардуми ду миллатро ноором карда, оташи ҷангро аланга медиҳанд.

Пас, эй мардуми қирғиз! Шумо халқи заҳматкашу солимақл ҳастед. Гӯш андозед, худи шаҳрванди шумо ба забони ҳол омада, гуфта истодааст, ки саркардаи ин ҷанг роҳбарон С.Ҷапаров ва Қ.Ташиев буда, дар дили ин ду миллат тухми душманӣ мекоранд. Ин ду роҳбари ҷангҷӯ хайрхоҳи халқи тоҷику қирғиз нест. Халқи қирғиз бояд дарк кунад, ки роҳбарияти имрӯзаи онҳо ба чӣ амалҳои номардона даст зада истодаанд. Халқи қирғизро имрӯз зарур аст, ки бедор шавад, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, ин ду қотилро сарнагун сохта, ду давлатро аз ҷангу хунрезӣ ва душманӣ эмин нигаҳ дорад.  

Мо халқи тоҷик ва  мардуми банангу номуси Тоҷикистон  хеҷ гоҳ ба сари касе силоҳ накашидаем ва ҳомии сулҳу амнияти ҳамешагӣ ҳастем ва намехоҳем, ки мардуми бегунохи ду кишвар ва ҷавонони ҷангнодидаи мо қурбонии ин ҷанг гарданд. Марому мақсади азалии мо тоҷикон ин пойдории сулҳу субот ва дӯстӣ мебошад. Шоири сулҳпарвари тоҷик Мирзо Турсунзода беҳуда нафармудааст:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт       

 

Саидмуродова Шаҳло,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав