Баргузории Амалиёти « Рӯзи ёдоварӣ» .
Тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳия ва тасдиқшудаи кумитаи иҷроия рӯзи якшанбеи охири моҳ яъне 26-уми июни соли 2022 Аксияи умумуминоҳиявӣ «Рӯзи ёдоварӣ» дар ҳамкорӣ бо, собиқадорони ҳизб, ходимони дин, бахши дин танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, имомон ва имомхатиби ноҳия дар 2 қабристони деҳаҳои ноҳия баргузор намуданд.
Дар қабристонҳои деҳаи Арабхона Ҷамоати деҳоти «Истиқлол», ва қабристони деҳаи 44-Чашмаи Ҷамоати деҳоти «Фирӯза», бо иштироки васеи сокинон Аксияи «Рӯзи ёдоварӣ» баргузор гардида, гирду атофи Оромгоҳҳои деҳаҳо, тоза ва аз алафҳои бегона тоза карда шуда, панҷараҳояшон ба тартиб оварда шуда,атрофашон махкам карда шуданд.
Дар баргузории амалиёти умуминоҳиявии «Рӯзи ёдоварӣ» зиёда аз 1200 нафар сокинони деҳот дар тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳои деҳаҳо ва ба тартиб овардани дохил ва атрофи қабристонҳо иштирок намуданд.
Аз рафти баргузории Аксияи «Рӯзи ёдоварӣ» аксҳо бардошта шуда дар сомонаҳои ҳизбӣ ва иҷтимоӣ интишор карда шуданд.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав С. Ализода