Ташаббусҳои  созандаи  ҳизбиён. 

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

                                                          

                                   Ташаббусҳои  созандаи  ҳизбиён. 

Бо  мақсади  иҷрои  дастурҳои Пешвои  миллат  Раиси  муаззами  Ҳизби  Халқии Демократии  Тоҷикистон муҳтараи  Эмомалӣ  Раҳмон   бо ташаббуси  Кумитаи  иҷроия ҲХДТ дар  ноҳия ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав дар  самти  рушди  инфрасохтори  деҳот, ташкили  корҳои  ободонию  созандагиро  дар  маҳаллу  деҳот  ҳамчун  ташшаббус ва  ё  аксияҳои  ҳизбиро  зери  унвони  «Якҷоя месозем!» бо  таври  муташаккилона  роҳандози  гардонида  истодаанд.

Бо ташаббусу  талошҳои  Кумитаи  иҷроия   ва  бо  дастгирии   аъзои  фаъоли ҳизб  Саидмуродова  Шаҳло  ҷиҳати иҷрои  ҳадафҳои  стратегии  миллӣ аз  ҷумла  саноатикунонии   босуръати  кишвар яъне  эълон  шудани  «Солҳои рушди  саноат»  дар  деҳаи  Арабхона  Ҷамоати  деҳоти  «Истиқлол» як  сехи  қанодӣ  сохта  ба  истифода  дода шуд, ки  дар  он  6 нафар сокинони  деҳа  соҳиби корӣ  доимӣ  шуда  маҳсулоти қаннодӣ  истиҳсол ва  ба  фӯруш  бароварда  истодааст.

Мо  ҳизбиён фахр  аз  он  дорем, ки  ташаббусҳои мо доимо аз ҷониби мардум дастгирӣ меёбанд, зеро ҳамаи онҳо созанда буда, баҳри пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудаанд.

Боварии  комил дорем, ки ин  иқдоми нек аз  ҷониби  аъзои  фаъоли  ҳизб  ва шахсони эҳсонкору саховатманд минбаъд  низ дар  ҳамаи  самтҳо идома  ёфта  дар рушди  минбаъдаи  ноҳия саҳми босазо  мегузорад.