Дар ташкилоти ибтидоӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии
баргузор гардид.
Тибқи тақвими тасдиқгардидаи маҷлисҳои ҳисоботӣ интихоботии ташкилотҳо ибтидоӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав санаи 29-уми июн дар ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати деҳоти Фирӯза »-и ноҳия, маҷлиси ҳисоботӣ интихоботии ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси ҳизбӣ 11 нафар аъзои ҳизби ташкилот иштирок намуданд.
Дар маҷлиси ҳисоботии интихоботии ташкилоти ибтидоӣ 5 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуда, раиси ташкилоти ибтидоии аз ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ба аъзои ҳизб ҳисобот пешниҳод намуд.
Аъзои ҳизбии ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати деҳоти Фирӯза» тибқи банди 4.4 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзои ҳизб раиси Ҷамоати деҳоти Фируза Тиллоев Икромро аз нав раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Икромова Рухшона котиби ташкилоти ибтидоӣ интихоб намуданд. Бо пешниҳоди раиси интихобшудаи ташкилоти ибтидоӣ нақшаи кории ташкилот барои нимсолаи дуюми соли 2022 ва вакилон ба Конфренсияи навбатии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав пешниҳод гардида, тасдиқ гардиданд.
Дар кори маҷлиси ташкилоти ибтидоӣ намояндагони Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия иштирок ва баромад намуда ба саволҳои аъзои ташкилот ҷавобҳои мушаххас гардонид.