Аксияи Рузи ёдоварӣ баргузор гардид

Н.Хусрав:  

Баргузории Амалиёти « Рӯзи  ёдоварӣ»  .

 

Н. ХУСРАВ. Тибқи нақшаи чорабиниҳои  таҳия ва  тасдиқшудаи  Кумитаи  иҷроия,  рӯзи  якшанбеи  охири  моҳ яъне  26-уми июни соли 2022 Аксияи умумуминоҳиявӣ «Рӯзи  ёдоварӣ» дар ҳамкорӣ  бо собиқадорони  ҳизб, ходимони  дин, бахши  дин танзими анъана  ва  ҷашну  маросими  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлати ноҳия, имомон  ва  имомхатиби ноҳия  дар 2 қабристони  деҳаҳои  ноҳия  баргузор  намуданд.

Дар  қабристонҳои деҳаи   Арабхона    Ҷамоати  деҳоти «Истиқлол», ва қабристони  деҳаи    44-Чашмаи  Ҷамоати  деҳоти   «Фирӯза»,   бо иштироки  васеи  сокинон  Аксияи  «Рӯзи  ёдоварӣ»  баргузор  гардида,  гирду  атофи  Оромгоҳҳои  деҳаҳо, тоза  ва аз  алафҳои  бегона  тоза карда  шуда панҷараҳояшон ба  тартиб  оварда  шуда, атрофашон  махкам  карда  шуданд.

Дар баргузории амалиёти умуминоҳиявии  «Рӯзи  ёдоварӣ»  зиёда  аз 1200 нафар  сокинони  деҳот   дар  тоза  намудани  дохил  ва  атрофи  қабристонҳои  деҳаҳо  ва  ба  тартиб  овардани  дохил  ва  атрофи  қабристонҳо иштирок  намуданд.

Аз  рафти баргузории Аксияи «Рӯзи  ёдоварӣ» аксҳо  бардошта шуда дар сомонаҳои  ҳизбӣ  ва иҷтимоӣ интишор  карда  шуданд.