Баргузории маҷлиси ташкилоти ибтидоии 20- солагии Истиқлолият

Н.Хусрав:  

Дар ташкилотҳои  ибтидоӣ маҷлиси  ҳисоботию интихоботӣ  баргузор  гардид.

Н.ХУСРАВ. Тибқи  тақвими тасдиқгардидаи  маҷлисҳои ҳисоботӣ - интихоботии  ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия  вобаста  ба  амалӣ  гардиданашон ҳамарӯза  чораҳои  амалӣ андешида  мешаванд.

Санаи  28-уми  июн дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи «20- солагии  Истиқлолият»-и Ҷамоати деҳоти  «Фирӯза»-и ноҳия маҷлиси ҳисоботӣ интихоботии  ташкилот баргузор гардид. Дар маҷлиси  ҳизбӣ  61  нафар  аъзои ҳизби  ташкилот  иштирок  намуданд.

Дар  маҷлиси  ҳисоботии  интихоботии  ташкилоти  ибтидоӣ 5 масъала  мавриди  баррасӣ қарор дода  шуда, раиси ташкилоти  ибтидоии  деҳа Кабирова  Раҷамоҳ аз ҷамъбасти  натиҷаҳои  фаъолият дар давраи  аз  моҳи  июни  соли  2021 то  моҳи  июни  соли  2022 ба  аъзои  ҳизб  ҳисобот пешниҳод  намуд.

Ҳизбиёни  ташкилоти ибтидоии 20-  солагии  Истиқлолият -и  ноҳия тибқи банди 4.4 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзои ҳизб  Кабирова  Раҷабмоҳро аз  нав  раиси  ташкилоти  ибтидоӣ  ва Хидиров  Ҳасанро   котиби  ташкилоти  ибтидоии  «20-  солагии Истиқлолият»  интихоб намуданд.                                                                                                                            Бо пешниҳоди раиси интихобшудаи ташкилоти ибтидоӣ нақшаи кории  ташкилот барои  нимсолаи  дуюми  соли 2022 ва вакилон ба Конфренсияи навбатии КИ ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири  Хусрав  интихоб  гардиданд. Аз  ҷониби  аъзои ҳизби ташкилоти  ибтидоӣ  дархост намуданд, ки бинобарсабаби  норасогии  синфхонаҳои таълимӣ  дар  назди   муассиси  таҳсилоти  миёнаи  умумӣ  сохтмони  2 синфхонаи  иловагӣ  ба  нақша  гирифта шавад. Ба  сокинон  барои  таъмини  оби  ошомидани  мусоидат  карда шававд.  Инчунин  роҳи  даромади  деҳа дар ҳолати ногувор қарор дошта, хело валангор  мебошанд.  Аз  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  хоҳиш намуданд, ки  ақалан барои ҷо  ҷо таъмири  роҳ мардумро  дастгирӣ намоянд.  Сокинон  барои таъмирӣ  ҷории  роҳ худашон  низ саҳмгузорӣ  менамоянд.

Дар  кори   маҷлиси  ташкилоти  ибтидоӣ  намояндагони  Кумитаи  иҷроия  дар  ноҳия  иштирок  ва  баромад   намуда  ба  саволҳои  аъзои  ташкилот ҷавобҳои  мушаххас  гардониданд.