МУСОБИҚА БА ХОТИРИ СОЛИМИИ НАСЛИ НАВРАС

Н.Хусрав: Созандагони ватан  

 

Ҳафтаи сипаригардида дар  байни гуруҳи  волонтёрони “Созандагони Ватан” –и деҳаи Сангоба ва шаҳраки Баҳор дар ноҳия  мусобиқаи “Футбол”  доир гардид.  Бозингарони ду даста дар майдон қувваозмоӣ намуданд.   Бозингарони деҳаи Сангоба дар ин бозӣ ғалабаро ба даст оварданд.

Ғолибон аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки чунин мусобиқаҳо дар тамоми деҳаҳо байни ҷавонон- аъзоёни ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардида истодаанд.