БЕҲТАРИНҲО БА ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

Н.Хусрав:  

         Санаи 22 декабри соли 2023 дар МТМУ№10-и деҳаи Сангобаи Ҷамоати деҳоти “Наврӯз“-и ноҳияи Носири Хусрав дар асоси ҷадвали  тасдиқгардидаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар байни 13 шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтар  озмуни фанни забони русӣ ва забони англисӣ дар байни  хонандагони синфҳои 5 ва 6  баргузор гардид. Дар озмун муовини раиси ноҳия Азимзода Машҳура иштирок намуда аз ҳайати ҳакамон даъват ба амал овард, ки озмунро шаффоф гузаронанд. Дар озмун зиёда аз 50 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат намуданд. Озмун шаффоф баргузор гардид ва беҳтаринҳо ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд.