Зиндагии осоиштаи бидуни терроризм

Н.Хусрав: Вокуниш  

    Интернет  ва сомонаҳои интернетӣ агарчӣ аз як тараф  барои ҳар як инсон имкониятҳои фарохро муҳайё созад, аз тарафи дигар хатари ҷиддӣ ҳам дорад.   Алоқаманд будани сомонаҳои интернетӣ  бо терроризму экстремизм  ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари  калон дорад.  Имрӯз бояд аз ҳама пештар насли наврасу ҷавонро  тавре таълиму тарбия намоем, ки ҳангоми  истифода аз сомонаҳои интернетӣ  огоҳ бошанд, зеро омилу падидаҳои манфии шабакаҳои интернетӣ метавонанд насли навро бо роҳи бад баранд. 

    Имрӯз бисёр аз шабакаҳои интернетӣ,ки падидаҳои манфиро рӯйи кор меоранд  ҷавонони аз илму маърифат ва ахлоқи инсонӣ дурро ба  сафи гурӯҳҳои ифротӣ шомил намудаву  бар зидди нест намудани тухми инсоният роҳнамоӣ менамоянд.

  Тарғибу ташвиқ намудани ҷавонон барои ҳифзи худ, ҳифзи авлоди худ ва миллати худ аз тамоми намуду падидаҳои манфии шабакаҳои интернетӣ вазифаи асосии  мактаб, оила, ҷомеа ва зиёиёни  мамлакат мебошад.  

    Мо дар ҳамбастагӣ бо  таъсис додани  як ҷомеаи солиму боамни интернетӣ  дар фазои электронӣ    метавонем аҳли сайёраро аз  таъсири  фоҷиабори ҳама гуна матлабу наворҳои  таблиғкунандаи  терроризму экстремизм дар интернет ҳифз намоем.

  Танҳо бо чунин роҳҳо  бо  роҳи масъулиятнок ва боинтизом  будан  ҳангоми истифодаи  сомонаҳои интернетӣ , ҳифзи худ аз таъсири наворҳои таблиғкунандаи  терроризм, паҳн намудани варақаҳои иттилоотии раҳнамоикунанда   мо амалҳои зиддибашарии гурӯҳҳои террористиро маҳкум  менамоем  ва барои аҳли ҷомеа зиндагии осоиштаи бидуни терроризм  фароҳам меорем.

 Камила Ҳайдарова

 мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи 

Носири Хусрав