ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ

Н.Хусрав:  

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри истиқболи ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор мемонад. Бо шарофати таҳкими Истиқлолият, сулҳу субот Тоҷикистон тавонист, тамоми рукнҳои давлатдории худро эҳё карда, бо фарҳанги волои худ дар ҷаҳон машҳур гардад.

Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимтарин буда, тамаддуни пурғановати онҳо дар забону адабиёт, фолклор, ҷашну маросим, суруду мусиқӣ, ёдгориҳои табиию таърихӣ, фарҳанги ғайримоддӣ ва тарзи пӯшидани сарулибос таҷассум ёфтааст. Либос як рукни фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Либос ва ташаккули навъҳои он дар миёни мардумон таърихи хеле қадима дорад. Он бо мурури замон тағйир ёфта, вобаста ба таъриху анъана, табиати завқи ҳунармандон намудҳои гуногунро ба худ гирифтааст. Аз қадиммулайём занону духтарони тоҷик сарандоз ва пероҳанҳои чакан, гулбаст, алоча ва адрасу шоҳиро ба бар мекарданд, ки ҳар як нақшу нигори он мазмуни миллӣ дошта, ба ҳуснашон ҳусни дигар зам мекард. Зани тоҷик дар тӯли таърих посдорандаи ҳунарҳои зебо буда, дар ҳар офаридаи худ табиати бою рангинро бо тахайюлоти хеш тасвир кардааст. Имрӯз низ дар интихоби рангу матоъ, нақшу нигор ҳар як минтақаи кишвар фарҳанги либоспӯшие дорад, ки ифодагари умеду орзу ва андешаи хоси ҳамон маҳал маҳсуб меёбад. 

Бо мақсади риояи тарзи либоспӯшӣ ва ташвиқи фарҳанги либосҳои миллӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастурамали либосҳои тавсиявиро барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, ба шаҳрвандони кишвар пешниҳод намудааст. Ин дастур баҳри ба танзим даровардани либоспӯшии миллӣ равона шуда, пеши роҳи хурофоту бегонапарастиро мегирад ва воситаи муҳими тарғиби либосҳои муосири миллӣ ва муаррифии миллату кишвар мегардад. Пӯшидани либоси миллӣ ба тақвияти ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ, хештаншиносӣ, эҳё ва рушди мероси фарҳангӣ ва таъмини ҳисси баланди зебоипарастии шаҳрвандон замина гузошта, баҳри  муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари тамаддунофар мусоидат менамояд. Зан-модар дар ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ нақши калидӣ дорад. Ва ин рисолати ватансозии хешро ба насли ояндасоз ҳамчун мерос гузошта, мегӯяд: «Ба хоку оби ин сарзамин саҷда бояд кард…». Пас моро месазад, ки ба бегонапарастӣ роҳ надиҳем. Шукри Истиқлол, ваҳдату суботро  кунему  бо дили пок ва либоси тоҷикона  ба ояндаи дур раҳсипор гардем. Пӯшидани либоси миллӣ барои ҳар як соҳибватан шараф аст!

Ҳайдарова Камила, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав