ҶАВОНОН ДАР ПАРТАВИ ДАСТУРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Н.Хусрав: Андеша  

Яке аз дастовардҳои муҳими истиқлолияти давлатӣ барои ҷавонон таваҷҷӯҳи  бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, таваҷҷӯҳи падаронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон ба насли наврас ва ҷавон мебошад. Тӯли   30 -соли истиқлолияти  давлатӣ  Сарвари давлат  чандин маротиба бо ҷавонон мулоқоту вохӯриҳо анҷом доданд, ки дар рафти онҳо масъалаҳои зиёде мавриди  баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор гирифтаанд. Ин муносибат бари дигар  ғамхориҳои Президенти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳуриро нисбат ба насли ҷавон ва тадбиқи сиёсати давлатии онҳо инъикос менамояд.Дар марҳилаи минбаъдаи рушди давлатдориву фарҳанги миллӣ ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи соҳаҳои гуногун дар ҳаёти онҳо як силсила санадҳои муҳим, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар барои ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи  сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» ва дигар барномаҳои соҳавӣ қабул гардидаанд, ки барои амалӣ намудани онҳо то ин ҷониб маблағҳои зиёд ҷудо гардидааст. Ҳамчунин бо пешниҳоди Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон, яъне, мутобиқи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои сиёсати давлатии ҷавонон», ҷалби ҷавонон ба ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар, баланд бардоштани мақоми ҷавонон, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарасти, эҳтироми арзишҳои  миллӣ ва Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар барои баргузории  «Рӯзи ҷавонон» ҳамасола 23-юми май ба имзо расидаанд, бе муболиға рӯи кор омадани онҳо идомаи дастовардҳои сиёсии ҷавонони кишвар аст.

Мо ҷавонони  ноҳияи Носири Хусрав сиёсати пешгирифтаи Сардори давлатро ҳамеша дастгирӣ намуда, ваъда медиҳем, ки бар ивази ҳамаи ғамхориҳояшон бо ақлу хиради азалӣ, ватандустиву ватанпарастӣ, донишомӯзиву касбомӯзӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ баҳри пешрафти ватани азизамон Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳему аз анъанаҳои неки ниёгонамон пайваста пайравӣ мекунем. Барои амалӣ гардондани орзуву ормонҳои миллӣ аз ҷумла, ба мамлакати перрафтаву мутарақии демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд  табдил  додани кишвар донишу таҷриба неруву ғайрат ва ҳатто ҷони хешро дареғ нахоҳем дошт.

                                                                                                    

    Сафаров Нурхон,             

Муовини раис  КИ  ҲХДТ

дар н. Носири  Хусрав