ХИРАД РОҲНАМОИ ИНСОНИЯТ АСТ

Н.Хусрав: Вокуниш  

Садое аз қалби гузаштаи  тамаддунофару мардуми хирадсолори тоҷик бурун меояд. Садои  ширину гуворо садои пур аз насиҳату панд. Садое, ки дилҳо ва  наслҳоро  ба ҳам мепайвандад. Оре, ин садои гузаштагони соҳибтамаддуну соҳибмаърифати мо аст,  ки аз жарфи қарнҳо бурун меояд ва моро роҳнамоӣ месозад ба сирот-ул мустақим, ба роҳи ҳақиқат. Зеро танҳо тавассути роҳи рост мо метавонем муваффақ гардем  ва тамаддун, забон, фарҳанг ва ҳастии миллатро пойдор нигоҳ дорем ва ба пасояндагон ба мерос гузорем. Интихоби роҳи росту дуруст дар зиндагӣ  аз инсоният тақозо дорад , ки пайваста дар талаби илму хирад ва маърифат бошад. Зеро  дониш ягона василаест, ки инсонҳоро дар ҳама ҷода пирӯз мегардонад.Чаро имрӯз инсоният ба аъмоли ифротӣ даст мезанад . Оё инсонҳои соҳибмаърифат чунин амалҳоро ба ҷо меоранд?  Одамкушӣ, тахрибкорӣ ва амсоли инҳо амалҳои разиларо инсонҳое ба амал меоранд, ки саводи кофӣ надоранд ва дар ҷаҳони ҷоҳилият қарор доранд. Имрӯз ифротиён, бавижа, Толибон  мактабҳоро ба рӯйи занон бастаанд. Магар инсонҳое, ки мехоҳанд ояндаи  миллатро тираву тор созанд, соҳибмаърифатанд?  Ҳаргиз, не!  Вақте зан-модар бесавод бошад, вай чӣ хел метавонад, фарзанди тарбиядидаро ба  камол расонад? Имрӯз ватанфурӯшон, хоинони Ватану миллат аз дуриҳо миллати моро паст мезананд  санги моро бар сари мо мезананд.  Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки ин турфа одамон аз донишу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ фарсахҳо дур ҳастанд ва дар бораи ояндаи давлату миллат андеша намекунанд. Мақсадашон  фақат  болида сохтани табъи хоҷагони зархаридашон ҳасту бас. Пас насли имрӯзаро  зарур  аст, ки чуқур андеша кунанд, роҳи ростро интихоб кунанд ва барои миллатро аз ин варта наҷот додан кӯшиш намоянд .

             Камила Ҳайдарова

мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав