“Дави миллӣ”- ба хотири ташаккули тарзи ҳаёти солим

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим яке аз масъалаҳои  муҳим ва зарурист, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он диққати аввалиндараҷа  дода мешавад.  Дави миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба яке аз ҷашнҳои бузург мубаддал гардидааст, ки ҳамасола дар тамоми қаламрави кишвар дар моҳи май баргузор мегардад.

Субҳи 21-уми майи соли 2023 зиёда аз  800 нафар одамон  дар шоҳроҳи калони ноҳияи Носири Хусрав  бо мақсади баргузории “Дави миллӣ ” ҷамъ омаданд .

  Дар ин чорабинии муҳим раиси ноҳия   Шарифзода Маҳмадаюб Сайнимон, Раиси КИ  ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия , роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия, аъзоёни фаъоли ҳизби  ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ва толибилмону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат намуданд.

Ғолибони “Дави миллӣ” бо тӯҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав , КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ва   Муассисаи давлатии  мактаби варзишии ноҳияи Носири Хусрав   қадрдонӣ гардиданд.